Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя ОО Садокат Самиева Камолджона - 19.09.2019 22:06
ВАРАШВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление Дилорома Махкамовой на конференции ОБСЕ в Варшаве - 19.09.2019 22:01
ВАРАШВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Абдулло Рахнамо - 19.09.2019 21:55
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - А.Абдурахимов, "Молодежного общества студентов Таджикистан" - 19.09.2019 21:49
ВАРАШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 19.09.2019 21:40
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 19.09.2019 21:33
Зариф Ализода: «Қурбониёни воқеӣ даҳҳо рӯзноманигори шинохтаанд, ки маҳз аз дасти наҳзатиён кушта шуданд» - 19.09.2019 19:06
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 19.09.2019 18:57
Иван (Иззат) Амон ҳизб месозад? - 19.09.2019 16:09
Выступление Хикматулло Холиков – член Ассоциации таджиков в Казахстане - 19.09.2019 16:00

Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 дар Исфара

( 0 Овоз )

Сокинони шаҳри Исфара ҷашни бузурги 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо армуғонҳои шоиста истиқболу таҷлил намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Навгилем як майдончаи хурди варзишӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдунасим Мадалиев бо маблағи 153 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардори қарор дода шуд.

Чунин як майдончаи дигар дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ба фаъолият шурӯъ кард, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Тоирбой Акрамов бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Ба ифтихори солгарди соҳибихтиёрии милливу давлатӣ дар маҳаллаи Лангари Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо саҳмгирии сокинони саховатпеша мумфаршкунии 1 километр роҳи маҳаллӣ оғоз ёфт.

Ҳамчунин дар ин ҷамоат бо ҳузури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65, ки бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, бо харҷи беш аз 270 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 дар Исфара