Хабарҳо
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба донишҷӯён кӯмакпулӣ тақдим кард

( 1 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба донишҷӯён аз оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои молиявӣ расонид.

Чуноне аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода донишҷӯёни ниёзмандро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба 12 нафар кӯмакпулӣ тақдим кард.

Роҳбари донишгоҳ ҳамзамон донишҷӯёнро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, забономӯзӣ ва такмили донишу малака даъват кард.

Донишҷӯён низ дар навбати худ барои дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки таҳсилашонро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, саҳмашонро дар гулгулшуфоии Ватани маҳбубамон мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба донишҷӯён кӯмакпулӣ тақдим кард