Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Ифтитоҳи бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

2 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ва гузаронидани қабули шаҳрвандон ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят сараввал дар маросими ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 –и шаҳр иштирок кард.

Тавре зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 соли 1997 сохта ба истифода дода шудааст. Масоҳати умумии таълимгоҳ 1,44 гектарро ташкил медиҳад ва он соли 2015 ҳамчун муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаштааст.

Дар муассиса 18 омўзгор фаъолият дошта, теъдоди умумии хонандагон 147 нафарро ташкил медиҳад.

Бинои нави муассисаи таълимӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории волидайни хонандагону  соҳибкорону саховатмандон бо харҷи 900 000 сомонӣ бунёд гардида, аз 8 синфхона ва 2 утоқи корӣ иборат мебошад.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бошад 5 синфхона бо 125 ҷойи нишаст, 1 маҷлисгоҳ барои 80 нафар ва ду таҳлилгоҳ бо тарҳи замонавӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  42 нафар омўзгорон ба 472 хонанда таълим медиҳанд. Синфхонаҳои иловагӣ ва маҷлисгоҳу таҳлилгоҳ низ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории волидайни хонандагону  соҳибкорону саховатмандон бо харҷи 850 000 сомонӣ сохта шудааст.

Раиси вилоят зимни суҳбатҳо бо устодону хонандагони муассисаҳои таълимӣ таъкид кард, ки бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад, рушд ёфта истодааст. Насли наврасро зарур аст, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда хуб тасҳсил намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда ба камол расанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар шаҳри Конибодом дар соли таҳсили 2018-2019 55 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла як литсей, як гимназия, як  мактаб-интернати санаторӣ, як муассисаи таҳсилоти умумии хусусии Очилбой Ҷўраев, як муассисаи таҳсилоти умумии асосии №45 ва 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доштанд. Дар соли таҳсили 2019 - 2020 бо қарори раиси шаҳри Конибодом  муассисаи таҳсилоти умумии асосии №45 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №51 табдил дода шуд.

Дар шаҳр 23 муассисаи таълимии томактабӣ - 14 муассисаи томактабии давлатӣ, 3 муассисаи томактабии тобеи ташкилоту муассисаҳо, 6 муассисаи томактабии хусусӣ ва илова бар он, дар назди раёсати маорифи шаҳр Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳри Конибодом