Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи 2 сентябри соли 2019 Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иxроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

- Мулоқоти мову Шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми ҷумҳурӣ, алалхусус сокинони сарбаланди вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки ҳангоми сафари корӣ дар вилоят 20-25 августи соли равон баён гардиданд, ҷиҳати бо дастовезҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии ин иди умумимиллӣ бо азму талоши нав аҳлона меҳнат карда истодаанд, - зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят дар мулоқот аз ҳадафҳои созанда ва ободкоронаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, вусъати омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ, амалишавии Барномаҳои давлатӣ ёдовар шуда, ҳамзамон вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодомро таҳлилу баррасӣ намуд.

Таъкид гардид, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр дар 7 моҳи соли 2019-ум 99,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 39 миллиону 519,5  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки аз нақша 3,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар ин давра иҷрои сифатноки нақшаи 5 намуди андоз иҷро нагардида, дар натиҷа ба буҷет 1 миллиону 7,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

- Бояд гуфт, ки дар 7 моҳи соли равон аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом 16 миллиону 210 ҳазор ва дар чор соли охир бошад, беш аз 49 миллиону шашсад ҳазор сомонӣ барои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, бартараф кардани оқибати офати табиӣ ва сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ҷудо гардидааст, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Аз ҷумла дар ҳамин давра барои сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Конибодом, аз ҷумла, барои бунёди бинои таълимӣ барои 660 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, сохтмони бинои нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, сохтмони бинои таълимӣ барои 360 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52, таҷдиди варзишгоҳи марказии шаҳр, азнавсозии боғи фарҳанг, барқароркунии садди муҳофизатии обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавзеи Маҳрам, бунёди  шўъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ, биноҳои маъмурӣ, чароғонкунии кўчаҳо ва ғайра  аз ҳисоби буҷети вилоятӣ боз зиёда аз 49 миллиону 537 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Раиси вилоят вазъи иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 28 декабри соли 2015, № 4/49 тасдиқ шуда, дар маҷмуъ 127 лоиҳаро, ки маблағи умумиаш ба 759,3 миллион сомонӣ баробар аст, таҳлил намуда, изҳори нигаронӣ намуд.

Давоми солҳои 2016 - 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 аз миқдори умумии лоиҳаҳо танҳо 14 лоиҳа ба маблағи 21,1 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар доираи 43 лоиҳа ба маблағи  95,7 миллион сомонӣ корҳо идома дорад, ки 12,6 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, таъмини иҷрои Барнома ба ҳолати  1 июли  соли 2019-ум ба  15,4 фоиз баробар  асту халос.

Раҷаббой Аҳмадзода вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро низ мавриди таҳлил қарор дода, бобати вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ ба мардум ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар 7 моҳи соли 2019-ум дар шаҳри Конибодом ба маблағи 136,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба 7 моҳи соли 2018-ум 41 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш ба 143 фоиз баробар шудааст.

Раиси вилоят ба масъулин бобати ба роҳ мондани ҳамкории  судманд бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати ба ҳисоботи оморӣ фаро гирифтани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ  ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва воридотивазкунанда дастур дод.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ кишоварзони шаҳр нақшаи киштро ба андозаи 106,1 фоиз ё ин ки 491 гектар зиёд таъмин намуданд.

Дар ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба 193 миллиону 752 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 617 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё дар сатҳи 105,2 фоиз таъмин шудааст.

Баробари ин, дар  давраи ҳисоботӣ истеҳсоли картошка 125 тонна, сабзавот 1662 тонна, аз ҷумла пиёз 976 тонна, инчунин пилла 20 тонна  нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум коҳиш ёфтааст.

Раиси вилоят Раxаббой Аҳмадзода вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, ки соҳаҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат маҳсуб меёбанд, таҳлилу баррасӣ намуда, ба масъулин бобати таъмини рушд, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва хизматрасонӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят дар фарҷоми мулоқот изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоxикистон ва суханрониҳояшон дар ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат,  мулоқотҳояшон  бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузург 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 - солагии Саразми бостонӣ, инчунин таъмини зиндагии шоиста ҳидоятҳои нек менамоянд ва ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои  Пешвои миллат кӯшиш намоем ва ҷашнҳои бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирем.

Фаъолони шаҳри Конибодом, ҳамзамон ҷонибдории худро баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳои созанда, ободу зебо намудани диёри азизамон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом