Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ - 21.09.2020 13:20
Ширкат дар интихобот қарзи шаҳрвандии мост! - 21.09.2020 11:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд - 16.09.2020 09:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 16.09.2020 09:32
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 16.09.2020 10:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд - 16.09.2020 11:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:18
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 13:56
Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 - 17.09.2020 12:09

Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Санаи 2 сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарои сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Раиси вилоят қабл аз баррасии масъалаҳои шаҳрвандон таъкид дошт, ки эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 31 нафар  нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф пазируфта шуданд, ки мўҳтавои асосии муроҷиати шаҳрвандонро масъалаҳои рўзмарра, аз қабили баҳси замин, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, танқисии оби полезӣ ва нўшокӣ,  мумфаршкунии роҳҳо, кўмаки моддию молиявӣ  ва амсоли ин ташкил медоданд.

Раиси вилоят аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки аксари муроҷиатҳо бояд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва сохтору ташкилотҳои дахлдори шаҳрӣ ҳаллу баррасӣ карда мешуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳри Конибодом, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳриро муваззаф намуд, ки ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

- Хизматчиёни давлатӣ бо муроҷиаткунандагон дар доираи одоби хизматчии давлатӣ бояд рафтор намоянд ва фаромўш насозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур махсус таъкид намудаанд, ки “...ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо. Яъне, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем”, - зикр намуд Раиси вилоят.

Ба масъулин бобати ҳалли саривақтии муроҷиатҳо як моҳ муҳлат дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки 28-уми апрели соли 2018 дар шаҳр аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон доир шуда буд ва 49 нафар бо 61 масъала муроҷиат намуда буданд.

Тибқи иттилои масъулин дар ҳашт моҳи соли равон  ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 98 нафар сокинони шаҳри Конибодом, аз ҷумла 72 нафар хаттӣ ва 26 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Ин аз он башорат медиҳад, ки дар шаҳр ҳанўз ҳам масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар самти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Конибодом