Ба муносибати Рӯзи Гвардияи миллӣ дар қисми низомии 051056 ҷамъомад баргузор гардид

( 0 Овоз )

2 сентябр бахшида ба Рӯзи Гвардияи миллӣ дар қисми низомии 051056, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок карда, зимни ироаи номаи табрикотӣ иброз дошт, ки Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст. Мавсуф тавъам омадани таҷлили Рӯзи Гвардияи миллиро ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ба кулли хизматчиёни Гвардия бурдбориву муваффақият таманно намуд.

Дар ин рӯз ба як қатор хизматчиёни пешсаф туҳфаву сипосномаҳо тақдим гардида, баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share