Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ - 21.09.2020 13:20
Ширкат дар интихобот қарзи шаҳрвандии мост! - 21.09.2020 11:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд - 16.09.2020 09:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 16.09.2020 09:32
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 16.09.2020 10:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карданд - 16.09.2020 11:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:18
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 11:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти такрорӣ дар заминҳои ҶСК «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд - 16.09.2020 13:56
Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 - 17.09.2020 12:09

Мастчоҳ. Дар деҳаи дурдасти Файзобод бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар деҳаи дурдасти Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бинои мактаби наву замонавӣ – филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ дар маросими баистифодадиҳии бинои нави таълимӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода суханронӣ намуда, ифтитоҳи ин бинои наву муосири таълимиро самараи ғамхорию меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки бинои нав туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устодону хонандагон ва аҳли маорифи ноҳия аст.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода низ дар ин чорабинӣ иштирок карда, паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи дониш ба самъи аҳли маорифи ноҳия расонид.

Ёдовар мешавем, бинои филиали муассисаи таълимии №5 дар деҳаи Файзобод ба ҷойи бинои қаблии садамавӣ дар муддати кӯтоҳ бо харҷи беш аз 800 000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Дар деҳаи дурдасти Файзобод бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд