Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Баргузории ҳамоиши «Тозагии соҳил ва хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо» дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили Сир ва як қатор кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иқдоми «Тозагии соҳил ва хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо» гузаронида шуд.

Тавре аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир аз купрӯки нав то кӯҳна аз ҳамагуна партов ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар ҷавонон ва ашхоси касбу кори гуногун ширкати фаъолона намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин як қатор кӯчаҳои шаҳрро тозаву озода намуда, дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист саҳмгузорӣ карданд.

Ҳамзамон баҳри тоза нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир, дигар манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии онҳо бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ҳамоиши «Тозагии соҳил ва хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо» дар Хуҷанд