Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо муассисони ширкати “Миг Юнайтед”

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассисони ширкати амрикоии “Миг Юнайтед” Бурдей Ричард ва Олга Аранштенро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, оид ба вазъи соҳаи саноат маълумот дод. Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст ва барои расидан ба ин ҳадаф то соли 2021 танҳо дар вилояти Суғд беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Зикр карда шуд, ки ҷониби вилоят омода аст ҳамкориҳоро бо сармоягузорони хориҷӣ тақвият бахшида, барои таъсиси корхонаҳои муштарак аз тамоми имкониятҳо истифода намояд.

Дар аснои мулоқот иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти ширкати “Миг Юнайтед” ба коркард ва истихроҷи маъданҳои куҳӣ нигаронида шуда, ширкат дар асоси созишнома ба ҶДММ “Дион Ангишт”, ки дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст, ба мабалағи 1,5 млн. доллар сармоягузорӣ намудааст. Маблағи мазкур барои азнавсозӣ ва беҳтар сохтани вазъи истихроҷ равона карда мешавад.

Сармоягузорон ҳамзамон ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкориҳо баён доштанд.

Дар интиҳои суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо тарҳрезии нақшаҳои зарурӣ лоиҳаҳои судмандро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо муассисони ширкати “Миг Юнайтед”