Хабарҳо
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 01.06.2020 17:08
Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 01.06.2020 16:02
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 15:59
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:29
Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 01.06.2020 04:59
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

( 0 Овоз )

29 августи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитойро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз робитаҳои судманди ду кишвар - Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти истеҳсолот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки “Зарнисор” ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки “Зарнисор” 4 млн. тонна хокаи сурбу руҳ мебошад ва тибқи нақша ин нишондиҳанда дар соли оянда ба 6 млн. тонна расонида хоҳад шуд. Дар ин корхонаи азими саноатӣ 2700 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст ва аз ин лиҳоз дар вилояти Суғд ба бунёду ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зикр карда шуд, ки комбинати металлургии “Зарнисор” метавонад барои бунёд ва ба кор даровардани якчанд корхонаи дигари саноатӣ саҳми муассир гузорад.

Бояд гуфт, ки қаблан роҳбарияти корхонаи металлургии “Зарнисор” зикр дошта буд, ки бо ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ корхонаи истеҳсоли металли мис бунёд хоҳад шуд. Дар аснои суҳбат роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мужда расонид, ки тасмим ниҳоӣ шуд ва дар муддати 3 сол корхонаи дигари кимёвӣ оид ба истеҳсоли сулфати руҳ ва мис бунёд карда мешавад, ки дар натиҷа 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой дар ду шаҳри саноатии вилоят — Истиқлол ва Гулистон дар ояндаи наздик силсилаи корхонаҳои саноатӣ бунёд карда мешаванд, ки дар онҳо беш аз чоруним ҳазор нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин тадбир метавонад барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олӣ -саноатикунонии мамлакат заминаи воқеӣ гузорад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой