Хабарҳо
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 14.11.2019 13:52
Нақши Пешвои миллат дар эҳё, тарғиб ва пажуҳиши тамаддуни бостон - 14.11.2019 11:00
Барандагони ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян гардиданд - 14.11.2019 08:18
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо” мизи мудаввар доир шуд - 14.11.2019 08:15
Пирӯзии ихтироъкорони навраси вилоят дар озмуни ​ ҷаҳонии «Роботтехника» - 14.11.2019 08:10
Маросими ифтитоҳи Фонди хайриявии «Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дўст медорам» - 13.11.2019 15:33
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин - 13.11.2019 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42
“Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал” – таҳти ин унвон бо иштироки мутахассисон мизи гирд доир гардид - 12.11.2019 15:53

Баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ «ЭКСПО-2019», ки дар шаҳри Пекин ҷараён дорад, Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Дар Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур меҳмонон аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Чин, намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи чинӣ, ширкатҳо ва воситаҳои ахбори оммаи Чин, роҳбарони ғурфаҳои кишварҳои хориҷӣ дар намоишгоҳ иштироккунанда, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ «ЭКСПО-2019» беш аз 30 навъи маҳсулоти боғу токпарвариро дар шакли хушк ва тару тоза ба меҳмонон ва шаҳрвандони Чин пешниҳод намудааст. Ҳамарӯза гӯшаи намоишгоҳии Тоҷикистонро ба ҳисоби миёна 23 000 нафар тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардида, дар бораи имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот пайдо менамоянд.

Дар навбати худ роҳбарияти Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ «ЭКСПО-2019» Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳими минтақа, хусусан дар масири «Як камарбанд - як роҳ» арзёбӣ намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ «ЭКСПО-2019» баҳои баланд дод.

Роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Чин ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик карданд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ «ЭКСПО-2019» дар шаҳри Пекин намунаи маҳсулоти меваҳои хушки корхонаҳои вилоят ҶДММ “Исфара Баракат”, ҶДММ “Исфарафуд”, ҶДММ “Экофрукт Исфара”, ҶДММ “Оро Исфара”, ҶДММ “Меваи Канд”, ҶДММ “Зардолу ва К” ва маҳсулоти истеҳсолии ҶСП “Оби Зулол”, ҶСП “Евро Азия 2005” ва ҶДММ “Парандис” бо насби маълумоти мухтасар ба забонҳои англисӣ ва хитоӣ муаррифӣ мегарданд.

Тибқи иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ «ЭКСПО-2019» дар шаҳри Пекин то санаи 28 октябр идома меёбад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин