Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Бинои иловагии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нимаи дуюми рӯзи 23 август бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои иловагии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи наздик 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои нав аз 10 утоқи кории барҳаво барои муфаттишони шуъбаи мазкур, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, толори хурд, толори варзишӣ, толор барои машқи тирпарронӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҳайати шахсии шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия ёдоварӣ намуда, ифтитоҳи бинои навбунёдро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ софдилона меҳнат намуда, дар самти ҳифзи манфиати давлату миллат, волоияти қонун ва пешгирии ҳамагуна зуҳуротҳои номатлуб бояд ҳиссаи арзанда гузоранд.

Зимни шиносоӣ бо шароити машқу тамрин дар толори варзишӣ ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки дар ин толор барои машғул шудан ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Минбаъд кормандони мақомоти милитсия барои ҷусту чолокӣ ва ҳифзи саломатиашон пайваста дар инҷо ба варзиш машғул хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бинои иловагии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд