Хабарҳо
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 01.06.2020 17:08
Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 01.06.2020 16:02
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 15:59
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:29
Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 01.06.2020 04:59
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57

Ифтитоҳи қорхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро расман ифтитоҳ бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян”-ро саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи саноат иқтидору имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масҳулоти ниҳоӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа маҳсуб меёбад.

Дар вилояти Суғд дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду истифодаи беш аз 300 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо зиёда аз 9 ҳазор ҷои корӣ ба нақша гирифта шуда, баҳри амали намудани ин иқдомҳои созанда корҳои бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд.

Корхонаи ресандагии “Органик Ян” дар доираи ин чорабиниҳо сохта шудааст, ки дар он нахи пахта коркард ва аз он риштаи пахтагин истеҳсол мегардад. Коркарди нахи пахта дар дохили кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунони буда, аз он истеҳсол гардидани маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ иқтидори содиротиро афзун карда, ба иқтисоди миллӣ даромад меоварад.

Таъсиси корхона самараи ҳамкории соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия буда, бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 35 миллион сомонӣ саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35миллион сомонӣ саҳми ширкати “Мехмет Доган”-и Ҷумҳурии Туркия мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии сохтмони корхона ду гектар ва масоҳати иншооти истеҳсолӣ беш аз як гектарро ташкил медиҳад. Дар корхонаи навтаъсис коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта асос ёфтааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати “Марзолли”-и Италия буда, технологияи инноватсионӣ аст. Хати технологӣ аз 5 қисм иборат буда, ришта аз нахи пахта дар марҳилаҳои шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин технология энергияи барқ сарфа мегардад.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.

Соҳибкорон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои давлатӣ ва сабукиҳо ба вориди технологияҳои муосир изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Корхона барои афзун намудани ҷойҳои корӣ дар деҳот нақши муҳим дорад. Дар ин корхонаи ресандагӣ дар марҳилаи аввал 100 нафар ва дар марҳилаи дуюм боз 100 нафар ва дар маҷмуъ 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, ки қисми асосиро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Таъсису ба фаъолият пардохтани корхонаи ресандагӣ дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбири муҳим дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи қорхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов