Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»

( 0 Овоз )
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»  23.08.2019
  • Пешина
  • 1 of 10
  • Минбаъда

23 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷдиди асосии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.

Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст.

Бунёди ин неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст.

Феълан дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ 110 нафар, аз ҷумла 20 нафар занон фаъолият дошта, шумораи ҳайати муҳандисӣ- техникии он 41 нафарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат дастур доданд, ки барои татбиқи лоиҳа ва иҷрои корҳо 80 фоиз коргарони худи Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва сокинони шаҳри Гулистон ҷалб карда шаванд.

Обанбори неругоҳи “Қайроққум” ба ҳисоби иншооти мавсимӣ- танзимшаванда дохил мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбор 3,5 миллиард мукаабро ташкил дода, ҳаҷми фоиданокии он ба 2,6 миллиард мукааб баробар аст. Масоҳати умумии обанбор ҳангоми пур шудани об то сатҳи болоии уфуқӣ 512 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии умумии сарбанди хокӣ ва бетонии неругоҳ 1300 метрро ташкил дода, фишори об ба иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар мебошад.

Истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110- киловолта пайваст аст.

Зимни муаррифии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум” иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ давоми 63 соли фаъолият зиёда аз 40 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

Бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онҳоро ба миён овард.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Баъди таҷдиди пурраи неругоҳ умри он боз садсолаҳо зиёд шуда,  тавоноиаш бештар мегардад.

Дар маҷмӯъ бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 фисад афзоиш ёфта, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.

Бо таваҷҷуҳ ва талошҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне истиқлолияти энергетикӣ дар доираи ҳамкории судманди дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд маблағи умумии корҳои таҷдиду навсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ 200 миллион доллари амрикоӣ- 1 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Асосноккунии техникӣ — иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австрагӣ сурат гирифтааст.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки зимни татбиқи лоиҳа барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо аҳамияти махсус дода шавад ва навсозии неругоҳ бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ба охир расад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки баъди анҷоми корҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика то соли 2023 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид.

Бо таҷдиди пурраи неругоҳ тамоми системаи он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешавад ва сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҷараёни таҷдиду навсозии неругоҳ татбиқи ин лоиҳаро дар рушди иқтисодии кишвар ва вазъи таъмини неруи барқ, махсусан дар вилояти Суғд дорои манфиати зиёд арзёбӣ карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки вобаста ба нақшаи пешбинигардида ширкати пудратӣ дар доираи лоиҳа раванди таҳвил ва васлу насби 6 агрегат, таҷҳизоти барқии ёрирасони онҳо, 6 турбина ва системаи идоракунии он, ивази 6 ғалақаи обӣ, таъмири ду крани борбардор, ивази дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 110-киловолта, ивази 6 трансформатори қуввагии 10,5/ 110-киловолта, ивази 2 трансформатор бо иқтидори 125 мегаватт дар тарафи шиддати 110/220-киловолта, таъмири нуқтаҳои харобгардидаи садди бетонӣ, навсозии асосии дарвозаи дарғот, таъмири дарғоти обпарто, ивази таҷҳизоти назоратии иншооти гидротехникии обанбор ва дигар корҳои муҳиму аввалиндараҷаи иншоотро ба уҳда дорад.

Дар доираи лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҳамчун зерпаймонкор корҳои таҷзия, васлу насби таҷҳизоти асосӣ ва корҳои сохтмониро ба иҷро мерасонад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии“Роғун”, ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе — Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии“Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда — 1”, “Сангтӯда — 2”, “Помир — 1”, Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе”ва“Суғд”, хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолта дар Неругоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран — 2”, хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ” ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSA-1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии мамлакат 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидааст, ки пайомадҳояш дар рушду пешрафти давлати азиз неку бобарор дониста мешаванд.

Давоми соли 10 охир бо ифтитоҳи шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамчунин шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз коҳиш ёфт.

Агар қаблан дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ беш аз 1 миллион муҳоҷир ба қайд гирифта шуда бошад, имрӯз он ба 520 ҳазор нафар расидааст.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар доираи сафари кории имрӯзаи Пешвои миллат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 7 корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ мегарданд, ки дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси садҳо ҷойи корӣ қадами муҳиму устувор ба шумор мераванд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share