Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя ОО Садокат Самиева Камолджона - 19.09.2019 22:06
ВАРАШВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление Дилорома Махкамовой на конференции ОБСЕ в Варшаве - 19.09.2019 22:01
ВАРАШВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Абдулло Рахнамо - 19.09.2019 21:55
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - А.Абдурахимов, "Молодежного общества студентов Таджикистан" - 19.09.2019 21:49
ВАРАШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 19.09.2019 21:40
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 19.09.2019 21:33
Зариф Ализода: «Қурбониёни воқеӣ даҳҳо рӯзноманигори шинохтаанд, ки маҳз аз дасти наҳзатиён кушта шуданд» - 19.09.2019 19:06
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 19.09.2019 18:57
Иван (Иззат) Амон ҳизб месозад? - 19.09.2019 16:09
Выступление Хикматулло Холиков – член Ассоциации таджиков в Казахстане - 19.09.2019 16:00

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои идона тақдим намуданд

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагони муассисаҳои миёнаи як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳрум гардидаанд, бо фарорасии солгарди 28 — уми ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҳаёти мустақилона барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расанд.

Дар ин рӯз шодиву хурсандии ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо маҳз аз дасти Сарвари ғамхору пуштибони худ туҳфаҳои арзанда гирифтанд. Ятимони кулл сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беандоза ва меҳри зиёд баён намуданд.

Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз кумакпулии яквақтаина ва сару либоси зебо иборат буд. Ҳамзамон дар ин рӯз баҳри афзун гардидани шодию нишоти ятимони кулл дастурхони идона ороста шуд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 723 нафар ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 16 нафарашонро ятимони кулл ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин нафарони бесаробонмонда таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд, ки хушбахтона, имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешавад.

Дастаи ҳунармандони ҷавону наврасе, ки дар назди Сарвари давлат бо барномаи рангини пурмуҳтаво баромад намуд, аз ҳисоби ятимони кулл буд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар партави хислатҳои неки инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат бо иқдомҳои пайвастаи соҳибкорону дигар ашхоси саховатпеша сатҳу сифати зиндагии мардуми эҳтиёҷманд беҳтар гардидааст ва ин раванд идома меёбад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои идона тақдим намуданд