Хабарҳо
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 01.06.2020 17:08
Шиносоӣ бо сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 01.06.2020 16:02
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз - 01.06.2020 15:59
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:29
Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 01.06.2020 04:59
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод «Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии боғ якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад.

Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад.

Боғи мазкур аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсиҳо, дӯконҳои фурӯши обҳои ташнагишикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуданд.

Атрофи боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 700 метр бо панҷараҳои пурнақшу нигори муҳофизатӣ таъмин гардида, ҳамчунин барои нақлиёти сокинон 4 таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар вақти сохтмон коргарон бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сутунҳои дарвозаҳои боғ ва фаввораҳоро оро додаанд, ки хеле ҷаззобу назаррабо менамояд.

Дар ҳудуди боғ ҷӯйҳои оби равон, роҳравҳо бо сафолакҳои ранга, чароғҳои рангаи равшанидиҳандаю ороишӣ сохта шудаанд, ки аз ороишоти дигари боғ маҳсуб меёбанд.

Баъди бунёди чунин як маркази муосири истироҳатию фароғатӣ сокинони ноҳия метовонанд дилхоҳ чорабинии фарҳангии худро бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир намоянд.

Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Зафаробод дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод «Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд