Хабарҳо
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39
Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» - 15.11.2019 15:38
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад ​ - 15.11.2019 12:05

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатиро дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 -Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Яхтанро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст.

Дар маркази саломатӣ ҳуҷраи хатна бо фароҳам овардани шароит ва таъмини таҷҳизоти теғи барқӣ ташкил карда шудааст.

Мардум хуб дарк кардаанд, ки дар синни навзодӣ хатна барои солимии кӯдак аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо зарур аст. Ҷорӣ намудани хатна ба таври ройгон танҳо дар муассисаҳои тиббӣ аз имкониятҳои васеъ барои аҳолист.

Дар баробари бинои замонавӣ ва шароити корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар Маркази саломатӣ табибонро ҳидоят намуданд, ки баҳри таъмини солимии аҳолии деҳот сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд.

Дар маркази саломатии тозабунёд маҷмӯи мизи ҷарроҳӣ бо лавозимоти ҷарроҳӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, маҷмӯи дастгоҳи стомотологӣ, автоклав барои таъмизкунии лавозимоти тиббӣ, барои озмоишгоҳ таҷҳизоти гемостометр, ҷевони хушки безараргардонӣ ва дигар лавозимоти тиббии муосир таъмин карда шудааст.

Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, ҳавзи об ва зарфи захираи об, иншооти хоҷагидорӣ, анбор, мошинсаро ва нуқтаи санитарии-гигиенӣ сохта шудааст, ки аз инфрасохтори зарурию табобатии муассисаҳои тиббӣ дар шароити деҳот буда, сатҳи меъёрии имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард. Бо афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ маркази саломатии деҳоти Яхтан бунёд гардид, ки акнун барои аҳолии деҳаҳои Яхтан, Хуҷатоҳир ва Бахти ҷамоати деҳоти Яхтан хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатиро дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд