Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя ОО Садокат Самиева Камолджона - 19.09.2019 22:06
ВАРАШВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление Дилорома Махкамовой на конференции ОБСЕ в Варшаве - 19.09.2019 22:01
ВАРАШВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Абдулло Рахнамо - 19.09.2019 21:55
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - А.Абдурахимов, "Молодежного общества студентов Таджикистан" - 19.09.2019 21:49
ВАРАШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 19.09.2019 21:40
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 19.09.2019 21:33
Зариф Ализода: «Қурбониёни воқеӣ даҳҳо рӯзноманигори шинохтаанд, ки маҳз аз дасти наҳзатиён кушта шуданд» - 19.09.2019 19:06
ВАРШАВА. ОБСЕ. 19.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 19.09.2019 18:57
Иван (Иззат) Амон ҳизб месозад? - 19.09.2019 16:09
Выступление Хикматулло Холиков – член Ассоциации таджиков в Казахстане - 19.09.2019 16:00

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-ро дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 — ро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаб соли 1983 барои таҳсили 624 нафар дар як баст сохта шуда буд.

Бо мақсади ба шароити имрӯза ҷавобгӯ намудан биною иншооти муассиса пурра навсозӣ карда шуд.

Бинои таълимии 2-ошёна аз чор қисм иборат буда, 29 синфхона бо 9 кабинети фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу сифати корҳои сохтмону навсозӣ, шароити фароҳамоварда барои кори муаллимону таҳсили хонандагон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки дар чунин шароити арзанда бояд сатҳи илму донишандӯзӣ ва маърифати фарзандон баланд бардошта шавад.

Дар мактаб се кабинети фаннии нав — кабинетҳои химияву физика ва технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо дастгоҳу лавозимоти замонавии хониш таъмин карда шудаанд.

Синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва маҷмӯи компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар ҳудуди мактаб майдони варзишгоҳ ва таълимгоҳи дарси омодагии дифои ҳарбӣ навсозию муҷаҳҳаз гардида, барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифоӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо муассисаи таълимӣ ва суҳбатҳо бо муаллимону хонандагон ва падару модарон таъкид доштанд, ки бунёду навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дар даврони соҳибистиқлолист, зеро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ омода намудани мутахассисони донишманд ниҳоят муҳим буда, ҳукумати мамлакат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф афзалият ва диққати махсус медиҳад.

Ба аҳли деҳаи Яхтан-падару модарон, муаллимону хонандагон бинои замонавии мактаб туҳфаи арзанда ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил гардид, ки бо супориши Пешвои миллат пурра навсозӣ, муҷаҳҳаз ва ба талаботи имрӯзаи таҳсил мутобиқ карда шудааст.

Намояндагони аҳли ҷомеаи деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати маорифпарварона ва ғамхорӣ ба фарзандон арзи сипоси бепоён намуданд.

Кормандони соҳаи маориф дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо истифода аз чунин шароит ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  ҳамаи неру, дониш ва маҳорати худро ба таҳсил ва таълиму тарбияи фарзандон равона месозанд, то насли наврасу ҷавон бо донишу маърифат ва рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-ро дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ифтитоҳ намуданд