Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45
“Аз Хуҷанд то Лоҳур” – бо чунин ном дар Хуҷанд китоби нави муҳаққиқи шинохта Нуралӣ Нурзод ба нашр расид - 08.11.2019 16:15
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия - 08.11.2019 15:29
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Гулистон - 07.11.2019 14:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Гулистон - 07.11.2019 14:48
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар - 08.11.2019 13:36
Отец убитого в Рудаки военного: "Мы гордимся, что у нас был такой ребенок" - 08.11.2019 13:35
Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ - 08.11.2019 10:42

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро ба истифода доданд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

20 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон ҳамчунин бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст. Фармоишгари корҳои сохтмонӣ Дирексияи сохтмонии иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулгун»-и шаҳри Панҷакент мебошанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави мақомоти милитсия зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои кӯҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 16 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст дошта, дар маҷмӯъ дорои шароити хуби корӣ мебошад ва ба системаи ягонаи гармиҳидӣ, ки бо ангишт фаъолият мекунад, пайваст карда шудааст. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи кампютерӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Тибқи нақша, дар дохили бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ утоқи шиносномадиҳӣ, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, бойгонӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ онҳоро барои хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намуда, ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини волооияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро ба истифода доданд