Хабарҳо
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» - 05.08.2020 09:46
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 05.08.2020 09:42
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар деҳаи Роғ мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ дар масоҳати 288 метри мураббаъ қомат афрохта, 10 ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои қабул ва муолиҷаи беморон бино бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ таъмин карда шудааст.

Бунёди иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Бино хуштарҳу замонавӣ сохта шудааст.

Шуъбаи табобатӣ аз ҳуҷраҳои бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, доругузаронӣ, ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи хатна ва ғайра иборат аст. Дар ин ҷо дар баробари табибони таҷрибадор мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда дар Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ шинос гардида, аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустиро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои масъулияти касбиашон комёбиҳо таманно намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар деҳаи Роғ мавриди истифода қарор доданд