Хабарҳо
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
КАБИРӢ ВА СУИСТИФОДА АЗ ВАЗЪИЯТ - 31.05.2020 11:07
Ҷаббор Расулов: Оилаи аз бемории сирояти фавтида аёдат карда шуд - 30.05.2020 22:57
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов - 30.05.2020 22:41
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон - 30.05.2020 18:27
Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба муносибати 1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 31.05.2020 10:17
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Имрӯз ҳамчунин дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Ҳусни Роғ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Маркази хизматрасонӣ дар ин деҳаи дурдасттарини мамлакат дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои Маркази хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино дорухона ҷойгир буда, дар он маводи доруворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамчунин дар назди дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунад. Дар ин гӯша гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх, ки ба бемориҳои рӯдаву меъда, фишорбаландӣ, бемории дил ва ғайра фоидабахш мебошанд, пешниҳоди сокинон гардонида шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонӣ чанд тан аз сокинони деҳаи Роғ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро шоёни дастгирӣ хонда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар рушду пешрафти ҷумҳурии маҳбубамон саҳм гузоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд