Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб. Дар вилояти Суғд 5143 духтур ва 17393 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд

( 0 Овоз )

17 август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни суханронии худ табибонро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иди касбиашон табрик гуфта, иброз дошт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ, Стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳдошти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад. Дар ин ҷода дар қатори дигар тадбирҳои зарурӣ ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи шоистаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят таъмир ва азнавсозии 577 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, дар соли 2019 бояд 23 беморхона, 83 бунгоҳи саломатӣ, 61 маркази саломатӣ, 14 таваллудхона, 55 нуқтаи хатна ва 35 дорухона сохтмон ва азнавсозӣ карда шавад.

То имрӯз азнавсозӣ ва таъмиру тармими 13 беморхона, 4 бунгоҳи саломатӣ, 12 маркази саломатӣ, 9 таваллудхона, 31 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 23 дорухона ба итмом расонида шуда, дар дигар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои тиббии вилоят 5143 духтур, 17393 корманди миёнаи тиб ва садҳо нафар кормандони ёрирасон содиқона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Онҳо ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ буда, бо осору истеъдоди фитриашон дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудаанд.

Сипас, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ба як қатор кормандони соҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб. Дар вилояти Суғд 5143 духтур ва 17393 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд