Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45
“Аз Хуҷанд то Лоҳур” – бо чунин ном дар Хуҷанд китоби нави муҳаққиқи шинохта Нуралӣ Нурзод ба нашр расид - 08.11.2019 16:15
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия - 08.11.2019 15:29
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Гулистон - 07.11.2019 14:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Гулистон - 07.11.2019 14:48
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар - 08.11.2019 13:36
Отец убитого в Рудаки военного: "Мы гордимся, что у нас был такой ребенок" - 08.11.2019 13:35
Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Айнӣ - 08.11.2019 10:42

Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Конибодом таъмиру мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома доранд. Дар мувозинаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 56,8 километр роҳи аҳамияти байналмилалидошта, 29,9 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 202,9 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуд буда, бояд мувофиқи нақша 104 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешуд. То имрӯз аз нақша зиёд, яъне 114 километр аз таъмири ҷорӣ ва беш аз 6,2 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

- Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз таъмири пурраи роҳи Конибодом - Патар аз ҷониби Бонки Рушди Осиё ба маблағи 48 миллион сомонӣ идома дорад. Роҳи мазкур, ки дарозиаш 6,7 километр ва паҳноияш 14 метр аст, то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмир карда мешавад, - иброз намуд Музаффар Тоҳиров, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр.

- Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо саҳмгузории сокинони саховатпешаву ватандӯст ва соҳибкорони муваффақ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза мегирад. Бо иқдоми соҳибкори саховатманд Раҳматҷон Тошматов, ки дар Федератсияи Россия фаъолият дорад, 750 метр роҳ мумфарш гардид. Имрӯзҳо чунин иқдоми ҷавонмардонаи соҳибкоронро ба назар гирифта, дигар соҳибкорон мумфаршкунии роҳи кӯчаву маҳаллаи худро то роҳи асосӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида истодаанд. Аз ҷумла, соҳибкори дигар Фаррух Нӯъмонов таъмири пурраи кӯча ва Искандарако ҳамроҳи фарзандони хеш маблағи ба сафари ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои мумфаршкунии роҳ, ки дарозиаш беш аз 150 метр ва паҳноиаш 6 метрро дарбар мегирад, сарф намуданд, ки алҳол мумфаршкунӣ идома дорад, - мегӯяд зимни суҳбат Маҳмуд Бобокалонзода, раиси Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ.

Инчунин, дар идомаи суханаш қайд намуд, ки сокини кӯчаи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Ҳасанбой Ғаниев иқдоми соҳибкоронро дастгирӣ намуда, маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои мумфарш намудани роҳ сарф намуд. Ин иқдоми нахустини сокинон набуда, соҳибкорони муваффақ, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, дар ободу зебо намудани зодгоҳи хеш саҳми назаррас мегузоранд.

Алҳол тибқи маълумоти масъулини Ҷамоат беш аз 3 километр роҳҳои Ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзии ин маҳал мумфарш шуданд. Рӯзҳои наздик боз дигар соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки бо таъмири роҳ ва бунёди иншооти хизматрасонии маишӣ саҳми худро дар ободонии Ҷамоат гузоранд.

- Солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва инро мардуми Ҷамоат дуруст дарк намуда, барои ободонии манзили зист, маҳалла ва деҳаи худ саъйу кӯшиш доранд. Шаҳрвандони Ҷамоат, ки дар Федератсияи Россия роҳбарии корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ ва коммуналиро ба уҳда доранд, баҳри ободонии деҳаи худ саҳм гузошта истодаанд, - изҳор дошт раиси Ҷамоат Маҳмуд Бобокалонзода.

Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ идораи роҳҳои автомобилгарди шаҳр 450 мукааб маводи зиддилағзиш ва 1,5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд