Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Саразм маркази байналмилалии бостоншиносӣ шуд ​

( 0 Овоз )

Пайдо шудани маркази маданияти аҳди қадимаи кишоварзии Саразм аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон​ Исҳоқӣ дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. А. Исҳоқӣ​ солҳои тӯлонӣ дар​таҳқиқи ёдгориҳои дигар саҳм гузошта, дар тарбияи бостоншиносони зиёде саҳм гирифтааст.

А. Исҳоқӣ бо дастгирии собиқ сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Искандаров ва бо пешниҳоди устодаш А. М. Белинитский аз соли 1972 рӯ ба пажӯҳишҳои бостоншиносии қалъаву кӯшкҳои аҳди антиқаву аввали асримиёнагии водии Зарафшон овард. Дар натиҷа якчанд ёдгории аҳди Кӯшониён ва Суғдиёнро омӯхта, ба онҳо​равшанӣ андохт.

Аввалин бозёфти Саразм табар – тешаи биринҷӣ буд, ки аз тарафи истиқоматкунандаи деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Саразм А. Тайлонов пайдо шуд. Аз тобистони соли 1977 тадқиқоти бостоншиносии ёдгории Саразм оғоз гардид. Директори собиқи Институти таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои СССР В. М. Массон ҳамеша маслиҳатгару раҳнамои​ А. Исҳоқӣ буд.

Соли 1982 дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналхалқии СССР ва Фаронса дар мавзӯи «Маданияти қадимаи Бохтар» баргузор гардид. Дар ин Анҷуман бостошиносони варзидаи Россия ва Осиёи Марказӣ роҷеъ ба маданияти қадимаи Бохтару бохтариён ва саҳми онҳо дар ташаккули маданияти башарӣ мубодилаи афкор намуданд. Маърузаи илмии нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм А. Исҳоқӣ дар мавзӯи «Омӯзиши ёдгории қадимаи кишоварзии Саразм дар водии Зарафшон» дар анҷумани мазкур ҳамчун навиди тозае дар таърихи халқи тоҷик қабул гардид. Дар он 8 бостоншиноси фаронсавӣ иштирок кард. Роҳбари Маркази таҳқиқоти илмии Фаронса, профессор Ж. К. Гарден бо А. Исҳоқӣ ҳамсуҳбат шуд. Ӯ иброз дошт, ки гурӯҳашон солҳои зиёд бо омӯзиши ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии марзҳои Афғонистон, Эрон, Балуҷистон машғул аст ва метавонанд дар ёдгории Саразм корҳои муштарак​баранд.

Тобистони соли 1984 нахустин Экспедитсияи байналхалқии Тоҷикистону Фаронса дар Саразм ҳафриётро оғоз намуд. Тайи 10 сол (1984 - 1994) як зумра олимони Фаронса - Ролан Безенвал, Анрипол Франкфорт, Лионе Бертил, Мишел Казанова, Сосброн Фабиан, Жон Десс, Фил Рокс, Мариакес дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти моддию мадании Саразм корҳои илмӣ - тадқиқотӣ бурданд. Яке аз бостоншиноси номии Фаронса Ролан Безанвал, директори Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса дар Саразми қадим солҳои тӯлонӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони тоҷик корҳои таҳқиқотӣ бурд. Бояд зикр кард, ки онҳо мушоҳидаҳо оид ба ҳолати меъморӣ, деворҳо, хиштҳо, сабаби харобшавии онҳоро санҷида, дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ маърузаҳои илмӣ намуданд. Бештари онҳо дар​Саразм то ҳол тадқиқот бурда истодаанд.

Донишмандони​ бузурге​ ба​монанди​ Вероник Шилс, устоди Донишгоҳи Сорбон, Ю. А. Заднепровский, доктори илмҳои таърих аз Санкт - Петербург,​ ​ Ю. Ф. Буряков, доктори​ илми​ таърих​аз Ӯзбекистон, Пол Бернар, мудири​ ​ гурӯҳи​ археологии​Маркази​ ​ ​ миллии​ таҳқиқоти илмии Фаронса, Б. А. Литвинский, профессор, Ходими​хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев аз Москва аз Саразми қадим​ дидан​карда, андешаҳои​ худро​ оид ба ин кашфиёт​ иброз намуданд. Ба ақидаи онҳо​ Саразм бузургтарин​кашфиёти аср дар археологияи Осиёи Миёна мебошад. «Тавассути Саразм, - гуфта буд​академик Б. А. Литвинский, -​ мо фаҳмидем, қи минтақаи қадимтарин аз ҳудуди Ашқобод то​ Панҷакент​ тӯл​ мекашад».​

Симпозиумҳо бахшида ба Саразм дар Париж, Амрико, Ашқобод, Душанбе, Алмаато ҳам баргузор гардиданд, Айни ҳол бостоншиносони фаронсавӣ бо ҳамтоёни худ ҳамкорӣ​ намуда, олами​ наботот, минералҳо ва ҳайвоноти минтақаро омӯхта, тадқиқоти ҳамаҷониба бурда истодаанд. Р. Безанвал, Ф, Бруне, В. Мутан, М, Казанова ва дигар бостоншиносон мақолаҳои илмӣ оид ба бозёфтҳои Саразм ба монанди «Лоҷуварди Саразм», «Бозёфтҳои филизӣ»,​ «Бозёфтҳои археоботаникӣ»,​ «Бозёфтҳои сангӣ» ва оид ба таҳқиқоти навини худ навишта, дар маҷаллаҳои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ҳамасола маводи ҷолибу хонданӣ чоп менамоянд.​

Ф. РӮҲУЛОВА,​

мудири фонди​ Осорхонаи

ба номи Абуабдуллоҳи​ Рӯдакӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Саразм маркази байналмилалии бостоншиносӣ шуд ​