Дар нимсолаи якуми соли равон дар вилояти Суғд 1116,9 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 50,6 км таъмири асосӣ, 353,8 км таъмири ҷорӣ ва 712,5 км шағалпўш мебошад.
Бино ба иттилои масълини соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 35,4 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят ба ин мақсадҳо 19,9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 26,1 км роҳ, аз ҷумла 22 км аз таъмири асосӣ ва 4,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар соли ҷорӣ таъмиру тармими 2166,8 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша имсол 108,4 км роҳ таъмири асосӣ, 923,9 км таъмири ҷорӣ ва 1073,5 км шағалпўш карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд