Хабарҳо
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Documentary film Betrayal VIDEO !!! - 08.07.2020 00:54
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30

Ворух як пораи қалби тоҷикон аст!

( 0 Овоз )

Ҳар гӯшаи кишвари азиз – Тоҷикистон барои ҳар хурду бузургсоли ин сарзамини биҳиштосоямон азиз, муътабар ва муаззам асту сарсабзиву шукуфоӣ, вусъатпазирии долу дарахтон аз заҳмати аҳлонаи сокинонаш сарчашма мегирад, обу гили муқаддасаш решапайванди таърихӣ, азалӣ, тамаддунпазирӣ дорад. Ҳар бор, ки ба Исфараи зебомакон, вусъатободу фарҳангпарвар ба манзили дӯстони деринаам меравам, албатта ба деҳаи Ворух ҳам меҳмон мешавам. Дӯсти деринаам, собиқадори меҳнат Абдусамад Шомирсаидов солҳои зиёд сарварии хоҷагии Ворухро бар уҳда дошт, дар суҳбат аз дӯстии тоҷикону қирғизҳо, ки паҳлуи ҳам зиндагӣ менамуданд, бо фараҳмандӣ сухан мегуфт. Дар як замин зиндагӣ дорем, аз як сарчашмаи неъмати табиат – оби ҷонбахш истифода менамоем, дасти ҳам, паҳлуи якдигар кору пайкор, зиндагӣ пеш бурдан чӣ саодатмандист, изҳор медошт ӯ.

Ворух зодбуми таърихӣ, тамаддунсоз ва манзили аҷдодии тоҷикон буда, ҳаёту рӯзгораш ҳамчу оина инъикоскунандаи қиёснопазир аст. Мегӯянд, ки кас бузургсол шавад, таҷрибаи ҳаётиаш тарбиятгари насли ҷавон мешавад. Аз ин ваҷҳ Ворух осудагӣ, оромӣ ва дили софу одаму одамиятро азиз медорад. Мардуми солору боҳиммат ва дилкушоду маърифатпарвари Ворух дар ҳар шароит, дар ҳар вазъ ҳамеша соҳибдил буданду ҳастанд, дӯстпарвару ҳимматбаланданд.

Биноан, ки ман обу намаки ин воҳаи вусъатободи тоҷикон – Ворухи бо тамаддуни миллӣ решапайвандро борҳо чашидаам, аз замири дил хоҳони ободиву осудагӣ ва шукуфоии ҳаёти чӣ хурду чӣ бузургсоли онро ҷонибдораму умед мебандам бар он – сарзамини тоҷикон доиман дӯстпарвар, бо дӯст шодишарик буд, ҳаст ва чунин мемонад. Ворух гулободу заҳматобод аст, як пораи қалби тоҷикон аст!

Ф.АТОХОҶАЕВ,
собиқадори матбуоти тоҷик

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ворух як пораи қалби тоҷикон аст!