Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти 174-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара баргузор шуд.

Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов дар оғози маҳфил  таъкид кард, ки бахшида ба эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳфили “Ганҷи сухан” нишастҳои худро дар деҳоти қаламрави вилоят баргузор карда истодааст.  Саидумрон Саидов ҳозиринро бо китобҳои наве, ки давоми ду моҳи охир интишор шуд ошно карда, як силсила адабиёти илмиву адабиро ба адибони Ворух эҳдо намуд.

Сипас, дар мавзӯи “Мақоми ҳавзаи Исфара дар пешрафти илму адаби муосири тоҷик” маърӯзаи номзади илмҳои филология Субҳон Аъзамзод шунида шуд. Адиби номвари тоҷик Додохони Эгамзод ва шоири хушқареҳа   Нарзуллои Азизиён доир ба фаъолияти маҳфили “Ганҷи Исфара” маълумот доданд. Додохони Эгамзод ба  ҳозирин оид ба китоби нави хеш “Нигина ва Мирмалик”- чакомаи ишқи пурафсуни таърихӣ сухан карда, як нусхаи китоби худро ба китобхонаи “Ганҷи сухан” эҳдо намуд.

Дар  идома адиб ва журналист Бобоҷон Наврӯз китоби нав - “Дорувор ба ҳар бемор”- ро, ки дар ҳамқаламӣ бо Абдумӯъмин Ҳалимов эҷод шудааст, муаррифӣ кард. Китоб ба ду забон тоҷикӣ ва русӣ интишор шуда, дар бораи табобати маризиҳо бо ёрии растаниҳои шифобахш нақл мекунад.

Дар маҳфил инчунин адиб ва журналисти номвар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурӣ Муқим Абдураҳмонов, журналисти маъруф Судуриддин Маҳкамов, адибони номвар Субҳон Ёдгорӣ, Субҳон Бобохолов, муҳаққиқони тоҷик, профессор Аъзамҷон Азимов,  дотсент Шарифҷон Тоҷибоев ва Содирхон Умаров, омӯзгорони собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамов, Мукаррам Мелӣ, Бобохон Саидов,  Ховари Пӯлод, Ҷамолиддин Шоҳҳасанов, Меҳринисо Раҳматова, Замира Исматова, Расул Додхоҳи Раҳимиён, Бахтовари Усмон, Сайфуллохон Қорихонов, Абдувалии Худойдод, Абдуфайоз Олимӣ, Раҳмдили Турсунзод, Заҳҳобҷон Искандаров, Раҷабуллоҳ Комилов иштирок ва масъалаҳои гуногуни адабиро баррасӣ карданд.

Зикр шуд, ки дар густариши мактаби адабии Исфара ва Ворух маҳфили “Ганҷи Исфара” дар заминаи таҳлил ва интиқоди нигоштаҳои адибони ҷавон метавонад нақши бориз гузорад.

Дар анҷом ҳунарпешагони Ҷамоати деҳоти Ворух бо суруду оҳангҳои  дилнавоз ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд. Раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз баргузории як маҳфили пур аз меҳру муҳаббат сипосгузорӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт