Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид

( 1 Овоз )

Моҳи июни соли​ равон​ Донишгоҳи давлатии​ ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон​ миёни донишгоҳҳои​ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалии Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтингиҶумҳурии​ Қазоқистон​ ​ гузашт ва соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилӣ​ гардид.​ Дар ин бора ректори донишгоҳ​ Муъмин Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ​ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Бино ба зикри ректори донишгоҳ,​ аз ин пас дипломҳои ихтисосҳои «Муносибати байналхалқӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», ва «Молия ва қарз»–и донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ бештар эътироф гардида, ин нишондод минбаъд дар хориҷа барои фарогирии хатмкунандагон ба таҳсил ва фаъолияти корӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 6 факулта ва 29 кафедра амал намуда, беш аз 7000 донишҷӯ,​ аз​ ҷумла, беш аз 100 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли хониши 2018-2019 донишгоҳро 1438 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 56 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид