Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст

( 0 Овоз )

Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзуда, ба 140836 нафар расидааст. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки бо иштироки муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода доир шуд, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 2400 мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии беш аз 216 000 нафар доир гардидаанд.

-Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизбро дастгирии иҷтимоӣ ташкил дода, дар шаш моҳи сипаришуда беш аз 10000 нафар шахсони ниёзманд, собиқадорон, беморону пирони рӯзгордида аёдат ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда шуданд,- зикр гардид дар ҷаласаи ҷамъбастӣ.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст