Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар маркази ноҳия - шаҳраки  Меҳрон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёди бинои маъмурии Суди ноҳия, бинои шуъбаи ноҳиявии КДАМ, бинои  ШВКД дар ноҳия, бинои маъмурии бахши ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои маъмурии идораи сӯхторхомушкунии ноҳия, беморхонаи марказии ноҳия ва дигар иншоот босуръат идома дорад.

Ба иттилои манбаъ корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Суди ноҳия қариб ба анҷом расида, айни замон пардоздиҳии бино идома дорад. Аз тарафи пудратчии иншоот ҶДММ “Пастиғав то имрӯз ба маблағи 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба охир расонида шудааст.

Сохтмони бинои шуъбаи ноҳиявии КДАМ-ро бошад бунёдкорони ҶДММ “Манзили Кӯҳистон” бар уҳда дошта, то имрӯз ба маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудааст.

Дар бинои ШВКД дар ноҳия 4 млн. сомонӣ азхуд карда шуда,  коргарони  ҶДММ “Гулгун” сохтмони  таҳкурсӣ, ошёнаҳои якум ва дуюмро ба итмом расонида, ба рангу бори иншооти мазкур машғул ҳастанд.

Фармоишгари иншоотҳои зикршуда Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сохтмони бинои маъмурии идораи сӯхторхомушкунии ноҳия, ки фармоишгари он Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад,  аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Зарафшон” идома дошта, то имрӯз ба маблағи 1 млн. 910 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст. Сохтмони ошёнаи якум ва дуюми бино пурра ба охир расонида шуда, корҳои ороишии бино идома дорад.

Дар бинои маъмурии бахши ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва беморхонаи марказӣ низ корҳои сохтмонӣ идома дошта, сохтмончиён талош доранд дар муҳлатҳои пешбинишуда иншоотро ба истифода диҳанд.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳраки Меҳрон ҳамзамон сохтмони майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Майдони Нишон ва Парчам дар масоҳати 0,47 га сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон фаввораву гулгаштҳо низ бунёд хоҳад шуд. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 42 метр ва Нишони давлатӣ 24 метрро ташкил мекунад.

Ёдовар бояд шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 110 иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта мешавад. То имрӯз аллакай 35 иншооти таъиноташ гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ