Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон

( 2 Овоз )

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маркази савдои "Корвон-Плаза" мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази савдои "Корвон-Плаза", ки аз ду ошёна иборат аст, дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ҷойгир шудааст. Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Алиев бунёд гардида, дорои 50 мағозаву дӯкони фурӯши маҳсулот мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал дар маркази савдо 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои корӣ таъмин мегарданд. Дар сурати бо иқтидори пурра фаъолият намудани марказ то 300 нафар метавонанд дар он ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share