Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар нимсолаи соли равон 737,3 ҳазор сомониро ташкил кард

( 0 Овоз )

Дар моҳҳои январ-июни соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар вилояти Суғд 737,3 ҳазор сомониро ташкил карда, дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 36,5 тоннаро ташкил намуд.

Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 10,9 фоиз, зағорамоҳӣ – 6,7 фоиз, амури сафед – 1,5 фоиз, суфмоҳӣ – 16,3 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 64,6 фоизро ташкил намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share