Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Cоҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ворух аз омодагии худ ҷиҳати бунёди мактаби нав хабар доданд

( 0 Овоз )

Cоҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз омодагии худ ҷиҳати бунёди як муассисаи таълимӣ дар ҳудуди ҷамоат хабар доданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара чанде қабл мулоқоти шаҳрдори Исфара бо соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи деҳоти Ворух доир шуд ва соҳибкор, сарвари Ассосиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сорбон Савриддинов иброз дошт, ки "мо соҳибкорони ворухӣ омода ҳастем, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ як мактаби ҳозиразамонро дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа намоем".

Ҳамзамон сарвари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, педагоги маъруфи кишвар Абдураҳмон Шораҳматов низ тасмим гирифтааст, ки нахустин мактаби хусусиро дар деҳоти Ворух бунёд намояд, ки иқдоми мазкур аллакай ба “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии зиёда аз 30 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ низ ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Cоҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ворух аз омодагии худ ҷиҳати бунёди мактаби нав хабар доданд