Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Ифтитоҳи филиали корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» дар Исфара

( 0 Овоз )

Дар Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара филиали корхонаи муштараки мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи муштарак дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони самарқандӣ ва маҳаллӣ бунёд гардида, барои парвариши чӯҷаи бройлерӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гуштии мурғӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар маросими ифтитоҳи корхонаи навбунёд роҳбарияти шаҳри Исфара ва муассисони корхона ширкат доштанд. Ба иттилои манбаъ ба корхона дар марҳилаи аввал 20 000 сар чӯҷаи нави бройлерӣ ворид карда шуда, рӯзҳои наздик шумораи чӯҷаҳо то ба 37 ҳазор сар расонида мешавад.

Парвариши чӯҷаҳо бо усул ва таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхона ба парвариши 100 ҳазор сар мурғи гӯштӣ созгор буда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парранда то ба 200-250 тонна дар ҳар як 45 рӯзро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар бояд шуд, ки қабл аз ин дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси соҳибкорони Самарқанду Хуҷанд ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» ба фаъолият оғоз карда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи филиали корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» дар Исфара