Хабарҳо
Интервью Аминджона Абдурахимова, председатель регионального молодежного общества «Студенты Таджикистана», г. Санкт-Петербург - 22.09.2019 11:23
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ - ҶСП “Талко Голд”

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 5 июл дар ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ - ҶСП “Талко Голд” шинос гардид.

ҶСП “Талко Голд” дар мавзеъи Кончочи ноҳияи Айни бунёд гардида истодааст. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёт боз як қадами устувор гузорад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо бо намояндагони ҶСП “Талко Голд” мулоқот намуд. Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди корҳои созандагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зарур шуморид, ки ҳангоми бунёди корхона ба масъалаи ҳифзи муҳити зист низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Бояд зикр намуд, ки як сол инҷониб корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ идома дорад. То имрӯз ҳудуди 5 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металҳо кофта шуда, дигар корҳо низ бо суръат пеш мераванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ - ҶСП “Талко Голд”