Дар Ворух ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо дар ҳудуди деҳоти дурдаст ва назисарҳадии Ворухи шаҳри Исфара бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии зиёда аз 30 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад. Дар ин бора раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни мулоқоташ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи деҳоти Ворух, ки рӯзи 5 июли соли 2019 дар Маҷмааи фароғатию истироҳатии «Чорчинор» сурат гирифт, иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ бо маблағгузории давлатӣ айни замон дар ҳудуди деҳоти Ворух азнавсозии бинои Қасри фарҳанги деҳа бо 650 ҷойи нишаст, толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба маблағи умумии 12 млн. сомонӣ, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар МТМУ№23 барои 240 ҷойи нишаст ба маблағи 3 млн. 240 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои нави таълимӣ бо толори варзишӣ дар маҳаллаи Сангтӯда барои 720 ҷойи нишасти таълимӣ ба маблағи 8 млн. 240 ҳазор сомонӣ, мумфарш намудани 4 км роҳи марказии самти Ворух -Чоркӯҳ ба маблағи 3 млн. сомонӣ, сохтмони чоҳи амудӣ дар маҳаллаи Бумиён ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ, инчунин мумфарш ва чароғонкунии 1,5 км роҳи маҳаллаи Сангтӯда аз кӯчаи марказӣ то мактаби навбунёд, сохтмони толори муосири варзишӣ дар маҳаллаи Қалъача бо 200 ҷойи нишаст идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share