Хабарҳо
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Documentary film Betrayal VIDEO !!! - 08.07.2020 00:54
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30

Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ташриф оварда, бо фаъолияти ин боргоҳи ҳунар шинос гардид.

Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо ҳунармандони театр ва кормандони соҳаи фарҳанг аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳа ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи фарҳанг аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо қасрҳои фарҳангиро бунёд ва таъмиру азнавсозӣ менамояд. Танҳо дар чанд соли ахир дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Айнӣ, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва дигар минтақаҳои вилоят кохҳои муҳташами фарҳангӣ бунёд карда шуд, ки бешубҳа ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Таъмин намудани муассисаҳои фарҳангӣ бо асбобу лавозимоти зарурӣ низ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.

Сипас, бо назардошти эҳтиёҷи муассисаи фарҳангӣ дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони ин боргоҳи ҳунар мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд