Хабарҳо
Панҷакент. Авҷи корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ - 13.12.2019 14:31
Нишасти 178-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ба 80-солагии нависанда Баҳром Фирӯз бахшида шуд - 13.12.2019 10:59
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37

Конибодом: Ҳосили интизории зардолу бештар аз 20 000 тонна арзёбӣ мегардад

( 0 Овоз )

Боғдорони шаҳри Конибодом ният доранд, ки имсол 20 000 тонна зардолу истеҳсол намоянд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар Конибодом майдони боғи зардолу 11 ҳазору 300 гектар буда, аз ин миқдор 7 ҳазору 200 гектараш ҳосилдеҳ, яъне мевадиҳанда мебошад. Имрӯз бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ боғдорон ба ғунучини меваҳои шаҳдбор машғул буда, вақти худро бештар дар зери дарахтон сипарӣ мекунанд.

Соли гузашта боғдорони шаҳр ҳудуди 18 000 тонна меваи тар ҷамъоварӣ намуда буданд ва соли равон бошад, ҳосили интизории зардолу бештар аз 20 000 тонна арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки зардолуи шаҳдбори ин минтақаи Тоҷикистони офтобрӯя дар хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад ва тибқи пешбиниҳо имсол ҳаҷми содироти зардолу афзун хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом: Ҳосили интизории зардолу бештар аз 20 000 тонна арзёбӣ мегардад