Хабарҳо
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Documentary film Betrayal VIDEO !!! - 08.07.2020 00:54
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30

Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл»

( 0 Овоз )

Рӯзи 24 июн дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» баргузор шуд.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Норд Азия Металл» фаъолияти худро аз соли 2014 инҷониб ба роҳ монда, танҳо дар панҷ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 393 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Айни замон корхона истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи калонтарини минтақавии қубурҳо ва профилҳои металлӣ маҳсуб ёфта, ашёи хомро аз ширкатҳои калони металлургии Россия ва Қазоқистон дастрас мекунад.

Дар корхона истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлии дорои диаметрҳои гуногуни аз 15 то 165 мм ба роҳ монда шудааст. «Норд Азия Металл» дорои потенсиали истеҳсолии калон барои истеҳсоли қубурҳои мураббаъ, росткунҷа ва даврашакли дорои диаметр ва ғафсии гуногун аст. Айни замон корхона метавонад дар як сол то 60 000 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар доираи барномаи стратегии инвеститсионӣ дар ширкат модернизатсияи истеҳсолот ба роҳ монда шуда, тибқи пешбиниҳо то соли 2020 иқтидори истеҳсолӣ то 90 000 тн./сол расонида мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми корхона ҳамакнун истеҳсоли бомпӯшҳои металлӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ба иттилои роҳбарияти корхона бо ифтитоҳи навбати дуюм «Норд Азия Металл» метавонад илова бар қубурҳо ва профилҳои металлӣ солона то 12000 тонна бомпӯшҳои металӣ истеҳсол намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тасмими роҳбарияти корхонаро  ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолият ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ хуш истиқбол намуд. Таъкид карда шуд, ки навбати дуюми корхона маҳз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалӣ намудани саноатикунонии кишвар ба кор андохта шуд. Дар навбати дуюми корхона, ки бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд шудааст, 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, аз 2000 то 2500 сомонӣ маош мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл»