Хабарҳо
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Documentary film Betrayal VIDEO !!! - 08.07.2020 00:54
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30

Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​

( 0 Овоз )

24 июн дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо мавриди истифода қарор гирифт.

Сехи мазкур дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зуҳал Ко” бунёд гардида, минбаъд дар он истеҳсоли мағз, хушксозӣ ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда мешавад. ​

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зуҳал Ко” соли 2009 аз ҷониби соҳибкор Идрис Ваҳҳобов бо харҷи 4 миллион доллари ИМА бунёд шуда буд. Ин корхона ба истеҳсоли орд машғул буда, дар як сол метавонад 60 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Айни ҳол дар корхонаи ордбарорӣ 34 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд ва музди миёнаи маоши онҳо 1000 сомониро дар бар мегирад.

Роҳбарияти корхона бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар раванди саноатикунонии кишвар сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳоро бунёд кард, ки дар он 11 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Коргарони сех аз 700 то 800 сомонӣ маош мегиранд ва музди меҳнати онҳо давра ба давра зиёд карда мешавад.

Сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо метавонад дар як сол 1500 тонна меваро хушку бандубаст намуда, 5 тонна мағз истеҳсол намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи “Зуҳал Ко” барои саҳмгузориаш дар раванди саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки масъулин бояд барои таъсиси чунин коргоҳҳои хурд дар маҳалҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​