Хабарҳо
Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд - 08.07.2020 16:52
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд - 08.07.2020 16:51
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой - 08.07.2020 16:49
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Documentary film Betrayal VIDEO !!! - 08.07.2020 00:54
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Аъзои хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” дар ноҳияи Спитамен тасмим доранд то соли 2021 чор гармхонаи гидропоникӣ-инноватсиониро бунёд намуда, дар онҳо парваришу истеҳсоли помидор, бодиринг, қаланфур ва бананро ба роҳ монанд.

24 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен дар Ҷамоати деҳоти Тағояк бо ҷараёни сохтмони гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ шинос шуд.

Гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ бо ташаббуси роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” дар масоҳати як гектар бунёд шуда истодааст. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар гармхонаи бунёдшаванда аз 25 то 30 ҳазор дона кӯчати помидор шинонида шуда, тибқи пешбиниҳо дар як сол ду маротиба ҳосил гирифта мешавад. Дар марҳилаи аввали ҳосилгирӣ, ки ба моҳи декабр рост меояд, аз гектар гармхона 100 - 120 тонна ва дар марҳилаи дуюм, ки ба моҳи март рост меояд, боз ҳамин миқдор ҳосил, яъне дар маҷмуъ 200-240 тонна помидор рӯёнида мешавад.

Роҳбарияти хоҷагӣ нақша дорад, ки дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 марҳила ба марҳила дар масоҳати чор гектар чор гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ бунёд намуда, дар онҳо парвариши помидор, бодаринг, қаланфур ва бананро ба роҳ монад. Гармхонаи якум соли равон мавриди истифода қарор мегирад ва дар он парвариши помидор ба роҳ монда мешавад. Ду гармхонаи дигар барои парвариши бодарингу қаланфур соли 2020 ва гармхонаи чорум барои парвариши банан соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси аъзои хоҷагиро, ки бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ба бунёди гармхонаҳои замонавӣ камари ҳиммат бастаанд, шоистаи пайравӣ барои дигар хоҷагидорон арзёбӣ кард. Дар ин самт дастур дода шуд, ки барои ташкили чунин гармхонаҳо дар дигар минтақаҳои вилоят низ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен