Хабарҳо
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд - 22.08.2019 19:38
Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» - 23.08.2019 09:02
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 09:17
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Файзбахш»-ро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 09:20
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои идона тақдим намуданд - 23.08.2019 09:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд тӯҳфаҳо тақдим намуданд - 23.08.2019 12:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:28
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:26
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:25
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 23.08.2019 12:23

Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом

( 0 Овоз )

Рӯзи якшанбеи 23 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар намуда, бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардиданд.

Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар ин рӯз аз минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида боздид намуда, бо сокинон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Зимни суҳбатҳо таъкид карда шуд, ки пас аз рух додани ҳодисаи табиӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фавран ситоди корӣ ташкил карда шуда, зарардидагон бо се маҳал хуроки гарм ва лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд.

Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинон аз лойу об сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва ихтиёрирон ҷалб гардида, дар муддати як ҳафта манзилҳои сокинон аз лойу об тоза карда шуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, то имрӯз ба минтақаҳои осебдида хатти барқ кашида шуда, хонаҳои сокинон дубора бо рушноӣ таъмин гардид. Дар доираи корҳои бартарафсозӣ ҳамчунин роҳҳо, селроҳаҳо тоза карда шуда, 300 метр қубурҳои обгузар хобонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла Ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва кӯчаи Бобокалонови шаҳр сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид. Тибқи иттилои масъулин дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел дар маҷмуъ 95 хонаи сокинони минтақаҳои зикршуда зарар дидааст.

Тозасозии манзилҳои сокинон аз лойу об ба итмом расида, айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии манзилҳои зарардида ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом