Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” 45 созишнома ва меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

( 0 Овоз )

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 21 ва 22 июн дар маркази вилоят Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” гузаронида шуд.

Дар ярмаркаи мазкур соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагон аз  Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Белорусия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷи иштирок  намуданд.

Дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ҳамчунин ҷаласаи панелии «Муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионию тиҷоратии соҳибкорони ҷавони вилояти Суғд» ва Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо доир карда шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои баргузории бизнес форумҳо ва баргузории В2В вохӯриҳо, самтҳои асосии рушди иқтисодиёти бозоргонии муосир ва соҳибкорӣ, савдову тиҷорат, сармоягузорӣ баррасӣ гардида, 45 созишнома ва меморандумҳо барои содироти маҳсулот ва воридоти технологияҳо ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Палатаҳои савдо ва саноати вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус, миёни Ширкати байналмилалии сайёҳии “Роҳи бузурги Абрешим” ва Ширкати сайёҳии Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин оиди ҳамкорӣ дар соҳаи туризм созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” 45 созишнома ва меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд