Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори қабули расмии Қасри Арбоб ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Сарони давлатҳо ёдоварӣ карда, таъкид доштанд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо рӯз ба рӯз мустаҳкам гардида истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки иштироки фаъолонаи соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии вилояти Фарғона дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” худ гувоҳи густариши ҳамкориҳо миёни вилоятҳост.

Таъкид гардид, ки дар чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ - Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” намояндагони 30 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Фарғона иштирок доранд ва онҳо метавонанд бо имзои шартномаҳои дуҷониба бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев аз даъват ва истиқболи самимии роҳбарияти вилояти Суғд изҳори хушнудӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва мубодилаи таҷриба ва молу маҳсулот муфид арзёбӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Фарғона яке аз минтақаҳои пешрафтаи Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, дар самти истеҳсолу коркарди пахта дастовардҳои назаррас дорад. Дар ҳудуди вилояти Фарғона 174 корхона ба коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин машғул аст.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот инчунин рушди соҳибкории миёни вилоятҳо, афзун намудани мубодилаи молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати сабукро мавриди муҳокима қарор доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев