Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Оғози Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”

( 0 Овоз )

21 июни соли 2019 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳии Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли меҳмонон ва иштирокдорони Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”-ро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд бори шашум аст, ки гузаронида мешавад.

Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида, робитаҳои иқтисодии мамлакат бо мамлакатҳои гуногун сол аз сол беҳтар гардида истодааст.

Раиси вилоят инчунин перомуни фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят, имкониятҳои содиротӣ, вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сайёҳӣ сухан гуфта, изҳори умед кард, ки Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” барои густариши ҳамкориҳо, рушди савдои байналмилалӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо, мубодилаи молу маҳсулот, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштироккунандаи ярмарка мусоидат менамояд.

Сипас, намояндагони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, инчунин намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини ҳокими вилояти Фарғона Муҳсинхуҷа Абдураҳмонов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба аҳмияти баргузории Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” дар рушди муносибатҳои тиҷоратии миёни давлатҳо андешаҳои хешро баён доштанд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” соҳибкорон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Белорусия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” имрӯз ҳамчунин ҷаласаи панелии «Муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионию тиҷоратии соҳибкорони ҷавони вилояти Суғд» ва Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо доир хоҳад шуд ва кори ярмарка рӯзи 22 июн низ идома меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”