Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!»

( 1 Овоз )

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят таҳти унвони «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбобони намоёни ҷамъиятию сиёсӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолзанон, адибону ҳунармандон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ қайд кард, ки тӯли се рӯз аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор дорад. Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ганҷи бебаҳоест, ки тавассути ҷонбозиҳои ҳазорҳо нафар фидоиёни сулҳхоҳу сулҳпарвар ба даст омадааст. Назира Ғаффорӣ ҳамзамон меҳмонони конфронсро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт.

- Соли чорум аст, ки чорабинии Корвони “Модарони ваҳдатсаро” бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои бонуфуз доир мегардад, - қайд кард муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш доир гардидани чорабинии мазкур бори дигар собит месозад, ки бо ҳам омадани занону бонувон баҳри ободӣ, таҳкурсии мустаҳкам барои ояндаи боз ҳам дурахшони сарзамини биҳиштосо мебошад.

Сипас, муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Раъно Бобоҷониён кулли иштирокдорони конфронсро бахшида ба ҷашни бузурги таърихӣ – Рӯзи Ваҳдат, ки рӯи тавҳид, бо ҳам омадани модарони сулҳхоҳу дӯстпарвар аст, муборакбод намуд.

Дар конфронс ҳамчунин муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, арбоби намоёни ҷамъиятю сиёсӣ, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз, собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова, ​ Шоири халқии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳтамзода Шаҳрия, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ​ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, ​ собиқадори меҳнат, ҳунарманди шинохта Мукаррама Қаюмова, ​ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаҳноза Қурбонзода суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!»