Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад

( 1 Овоз )

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади тарғибу муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 июни соли 2019, №289 ба тасвиб расид.

Озмуни “Акси зебои кишварам”дар як давр гузаронида мешавад ва дар он аксбардорони касбиву ҳаваскор метавонанд иштирок намоянд. Расмҳо бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд ва ҳар як расми пешниҳодшаванда дорои ном ва матни кутоҳ (шарҳу тавзеҳи расм) бошанд.

Ба ғолибони озмун - барандаи ҷойи якум 3000 сомонӣ, барандаи ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва барандаи ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар тавассути рақамҳои (83422) 4-68-04, 4-68-06 ва 4-68-05 тамос бигиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад