Хабарҳо
Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад - 22.07.2019 14:52
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ муайян гардиданд

( 0 Овоз )

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, ки  15-16 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 60 нафар варзишгар доир гардид, муайян шуданд.

Дар натиҷаи мусобиқа аз намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр ҷойи 1-ум насиби Олим Ишанов гардид. Ҷойи 2-юмро  Алиҷон Хайруллоев ишғол намуда, ҷойи 3-юм насиби  Фахриддин Мадкамов варзишгарони шаҳри Душанбе гардид.

Аз намуди тарзи озод байни бонувон дар масофаи 50 метр ҷойи аввал насиби Анастасия Тюрина, ҷойи 2-юм насиби Карина Климик гардида, ҷойи 3-юмро Бардачёва Екатерина соҳиб шуд.

Ҳамчунин Фахриддин Мадкамов варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ»-и шаҳри Душанбе рекорди навро дар таърихи Тоҷикистон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо натиҷаи наздик ба 27 сония  гузошт.

Иштирокчиёни чемпионат варзишгароне мебошанд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм  дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда,  ба даври ниҳоии он  роҳхат пайдо намудаанд. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа  аз шаҳри Душанбе 3 даста, аз  шаҳри Хуҷанд 1 даста ва аз  минтақаи Кӯлоб 1 дастаӣ иштирок намуданд.

Дар охир ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо Диплом, медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ муайян гардиданд