Хабарҳо
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт карда шудааст

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт гардида, айни замон дастранҷи деҳқонони ноҳия ба бозорҳои вилоят бароварда шуда истодааст. Дар ин бора имрӯз зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и ноҳия иттилоъ дода шуд.

Хоҷагии деҳқонии “Қалъача” дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача воқеъ буда, яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти парваришу истеҳсоли помидор ба ҳисоб меравад. Саҳмдорони хоҷагӣ соли равон дар 0,7 гектар помидор кишт намуда, ният доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, талаботи сокинонро то андозае қонеъ намоянд. Дар хоҷагӣ ҳамчунин дар 1,2 гектар пахта, 0,3 гектар картошка ва 0,1 гектар карам кишт карда шудааст.

Раиси вилоят ҳангоми боздид ба фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ баҳои баланд дод ва аз онҳо даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ мунтазам бо олимони соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ намоянд.

Сипас, Раиси вилоят дар бригадаи рақами сеи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нашъунамои пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар бригадаи мазкур 93 гектар пахта кишта шудааст ва тавре мушоҳида гардид нашъунамои пахта хуб мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон аз Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон боздид карда, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани меваҳои пухтарасида ба масъулин тавсияҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дорои 563 гектар замин буда, аз он 383,8 гектарашро боғот ва 87,5 гектарашро токзор ташкил медиҳад.

Дар заминҳои институт боғи коллексионии зардолу, минтақаи коллексионии ангур, қитъаи парвариши ниҳолҳои қадпаст бо усули интенсивӣ, қитъаи намоишии боғи интенсивии зардолу, парвариши ниҳолҳои ояндадори ангур ва тарзи қаламчагӣ, қитъаи намоиши санҷишии боғи шафтолу, олу ва бодом мавҷуд аст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 гектар помидор кишт карда шудааст