Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Бинои нави идоравии Фонди қарзии хурди “Имон” ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Имрӯз бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бинои нави идоравии Фонди қарзии хурди “Имон” мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои нави идоравии Фонди қарзии хурди “Имон” дар микроноҳияи 19-уми шаҳр ҷойгир буда, он дорои маҷлисгоҳ, толорҳои барҳавои хизматрасонӣ ва утоқҳои корӣ мебошад.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз утоқҳои корӣ ва толорҳои хизматрасонӣ иттилоъ дода шуд, ки ташкилоти қарзии “Имон” барои расонидани хизматҳои молиявии босифат, инноватсионӣ ва шаффоф ба сокинон таъсис дода шуда, беш аз 15 сол инҷониб фаъолият дорад. Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини фаъолият Фонди қарзии хурди “Имон” дастгирии занони соҳибкор ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳоро дар мадди аввал гузошта, ташкилот дар самти амалисозии барномаҳои давлатӣ, ки асосан ба рушди соҳибкорӣ нигаронида шудааст, саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки хизматрасониҳои муосири бонкӣ дар ташкилоти бонкии мазкур роҳандозӣ гардидааст. Сандуқи фаъоли қарзии ташкилот беш аз 20 миллион сомонӣ буда, ҳудуди 600 нафар мизоҷони фаъол дорад. Маоши миёнаи кормандон 2500 сомонӣ буда, дар ин ҷо вобаста ба ҳаҷми кор ва вазифа беш аз 4000 сомонӣ маош низ мегиранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи бинои нави бонки мазкурро туҳфаи хубу арзишманд барои мизоҷони бонк арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки саҳми Фонди қарзии хурди «Имон»-ро дар самти рушди соҳибкорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷорӣ намудани ипотека барои харидани манзил ба хусус ба омӯзгорону табибон, роҳандозии хизматрасонии лизингӣ назаррас мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бинои нави идоравии Фонди қарзии хурди “Имон” ба истифода дода шуд